Зубайдзодаро вазъи Ховари миёнаву Афғонистон нигарон кардааст

Сафири Тоҷикистон дар Қатар дар мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷаи Қувайт масоили нигаронкунандаи минтақаи Ховари миёна ва Афғонистонро баррасӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik.  Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо муовини Вазири корҳои хориҷӣ доктор Аҳмад Носир Муҳаммад Ҷобир ас-Сабоҳ мулоқот анҷом дод.

Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, зимни мулоқот тарафҳои дар бораи вазъияти нигаронкунандаи минтақаи Ховари миёнаву Афғонистонро баррасӣ карданд.

"Инчунин тарафҳо роҷеъ дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва густаришу таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногунро табодули назар намуданд"- иттилоъ додааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол Зубайдзода Зубайдулло масоили иштироки Кувайт дар Ҷаласаи байналмилалии сатҳи баланд  — Даҳсолаи байналмилалии амал: "Об барои рушди устувор 2018-2028" низ баррасӣ намуд.