Шоҳҷоизаи наврасони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ дар Қазоқистон

Наврасони соҳибзавқи тоҷик санъати баланди навозандагӣ ва сарояндагии хешро намоиш дода, баҳои баланди ҳакамон ва кафкӯбии мухлисонро ноил шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, се навраси соҳибҳунари вилоят дар озмуни байналмилалии "Бозторғай", ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд, иштирок намуда, ҳунару фарҳанги миллии мардуми тоҷикро муаррифӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар озмун кӯдакону наврасони аз 5 то 18 сола ҳунарнамоӣ карданд, ки миёни онҳо наврасони тоҷик соҳиби "Шоҳҷоиза" ва ду ҷойи аввал шуданд.

"Олимҷон Мамадҷонов-донишҷӯйи соли аввали Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз дар озмуни байналхалқии "Бозторғай" ба гирифтани "Шоҳҷоиза" мушарраф шуд. Миҷгона Иброҳимова-донишҷӯйи соли аввали Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Зулфиқор Дадобоев — ҳунаромӯзи мактаби санъати №2 шаҳри Хуҷанд ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ашки шодӣ: Меҳрона Ғайбуллоева ба давраи нимниҳоии озмуни "Ты супер!" роҳ ёфт (НАВОР)

Дар озмуни мазкур аз 15 давлати дунё беш аз 700 нафар ширкат намуда, фарҳанги халқи хешро муаррифӣ карданд. Наврасони соҳибзавқи тоҷик санъати баланди навозандагӣ ва сарояндагии хешро намоиш дода, баҳои баланди ҳакамон ва кафкӯбии мухлисонро ноил шуданд.

Ҳамчунин онҳо ба озмунҳои бонуфузи дигари дунё чун Булғорияву Итолиё даьватнома гирифтанд.