ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Як шаҳрванди Русия дар Конибодом ҳангоми ҳаракат дар роҳ навраси тоҷикро пахш кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВУД ҶТ.
Бино бар иттилои манбаъ, Иван Виниченко, шаҳрванди Русия, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Конибодом-Деҳмой" бехатарии ҳаракати роҳро риоя карда натавонистааст.
"Иван Виниченко дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Эргаш Шарифови шаҳри Конибодом, пиёдагарди ноболиғ, Содиқов Эҳсонҷон- хонандаи синфи 5, сокини ноҳияи Бобоҷонр Ғафуровро пахш намудааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Тафтишот идома дорад.