Раисамро боб кардам: муҳоҷире барои таъхири муздаш ҷойи корашро тахриб кард

Муҳоҷире аз Узбакистон на танҳо қаҳвахонаро вайрон кард, балки таҷҳизоти биноро оташ зад
Sputnik

ДУШАНБЕ,  3 июн — Sputnik. Дар вилояти Челябинск муҳоҷире аз Узбакистон хост қасдашро барои нагирифтани музди кораш аз корфармояш гирад, бо ҳамин далел қаҳвахонаеро, ки дар он кор мекард, вайрон кард.

Ҳодиса дар соли 2012 рух дода буд, аммо муттаҳамро танҳо ҳамин сол боздошт карданд.

Ба иттилои тафтишот, мард на танҳо қаҳвахонаро вайрон кардааст ва ба ин васила ба раисаш 7 миллион рубл хисорот овардааст, балки таҷҳизоти ҷойи корашро оташ задааст.

"Муттаҳам ба мошини боркашон нишаста онро рост ба болои қаҳвахонае рондааст, ки дар сари роҳ сохта шуда буд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Акнун муҳоҷир барои ин қасдгириаш бояд дар назди додгоҳ посух гӯяд.