ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бо шароити боғоти Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон" шинос шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раиҷумҳури Тоҷикистон.
Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон"-ро дар майдони умумии 345 га боғ, аз он дар масоҳати 102 га боғи интенсивӣ, 135 га ангур ва дар 75 га бодому олу бунёд кардаанд.
Ба гуфтаи коргарони хоҷагӣ аксар ҳосили ин боғот, аз ҷумла бодом, олу, ангур, картошка ва гандум барои содирот ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ва як қатор кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла ба Федератсияи Россия, Афғонистон, Покистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра фиристода мешавад.
"Дар Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон", ки бисёрсоҳа буда, дар ихтиёри худ чорвои калони шохдор ва ҳайвони майда низ дорад, дар майдони 80 гектар ҷуворимаккаи дон кишт карда шудааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон 1 июн ба вилояти Хатлон сафар карда буд.
Дар ноҳияи Данғара раисҷумҳур дар намоишгоҳи бузурги кишовварзӣ дидан карда, ба сокинон мулоқот орост.