Шӯрои уламо: сару садоҳо дар мавриди ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар иди саиди Фитр дурӯғ аст

Ин дар ҳоле, ки ҳанӯз таърихи дақиқи иди саиди Фитр аз ҷониби Шӯрои уламои Маркази исломӣ эълон нагардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо интишори раддияе дар вебгоҳаш гуфтааст, сару садоҳои гӯё ҷорӣ шудани  маҳдудиятҳо дар таҷлили иди саиди Фитр дурӯғ ва беасос аст.

"Ахиран дар бархе аз васоити ахбори омма сару садоҳое дар мавриди гӯё маҳдудиятҳо дар таҷлили иди саиди Фитр ба назар мерасад, ки чунин хабарҳо  беасосанд",-менависад манбаъ.

Шӯрои уламо афзудааст, ки ҳоло дар Тоҷикитсон рӯзи таҷлили Иди саиди Фитр эълон нашудааст.

"Махсусан, дар чунин матлабҳо иддао мешавад, ки гӯё дар рӯзи иди Фитр дар макотиби кишвар имтиҳонҳо гузаронида мешавад. Ин дар ҳоле, ки ҳанӯз таърихи дақиқи иди саиди Фитр аз Шӯрои уламои ҷониби Маркази исломӣ эълон нагардидааст ",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Иди Фитр маъмулан пас аз анҷом ёфтани моҳи Рамазон таҷлил мешавад. Мусалмонони Тоҷикистон аз 17 май рӯза гирифтанд.