Лайма Вайкуле Ҷонибек Муродовро ба ҷашнвораи байналмилалӣ дар Юрмала даъват кард

Ҳунарманди тоҷик ба овозхони машҳур барои даъват ва дастгириаш изҳори миннатдорӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Овозхони тоҷик Ҷонибек Муродовро ҳунарманди  машҳури латиштабор Лайма Вайкуле ба ҷашнвораи байналмилалии  "Лайма. Рандеву. Юрмала — 2018" даъват кардааст. Дар ин бора худи Ҷонибек Муродов дар саҳифаи фейсбукиаш хабар медиҳад.

"Дӯстони азиз! Ба Шумо хушхабареро расонидан мехоҳам. Маро ба муҳимтарин маросими мусиқии тобистон ҷашнвораи "Лайма. Рандеву. Юрмала — 2018". даъват карданд",- менависад вай.

Ҷонибек Муродов ба Лайма Вайкуле барои дастгирӣ ва даъваташ изҳори минннатдорӣ баён кардааст.

"Барои ман ширкат дар ин ҷашнвораи бузург ифтихор аст, ба хонум Лайма Вайкуле барои дастгириҳояш изҳори миннатдорӣ баён мекунам",- менависад вай.

Ҷашнвораи байналмилалии "Лайма. Рандеву. Юрмала" бори аввал соли 2015 ташкил карда шуд. Ба нақша гирифта шудааст, ки имсол дар доираи ин ҷашнвора 4 барномаи консертӣ баргузор шавад, ки дар он ҳунармандон аз Русия, Латвия, Украина, Гурҷистон ва дигар кишварҳо ширкат хоҳанд варзид.

Ҷашнвора бевосита аз ҷониби Лайма Вайкуле ташкил шудааст ва ин ҳунарманд шахсан овозхонҳоро барои иштирок дар он аз кишварҳои гуногун даъват мекунад.

Имсол "Лайма. Рандеву. Юрмала — 2018" дар толори "Дзинтари"-и шаҳри Юрмала (Латвия) аз 19 то 22 июл баргузор мешавад.