БОТ барои рушди Тоҷикистон 16,5 миллион кӯмак мекунад

Бонки осиёии тавсеъа дар садади ихтисоси 16,5 миллион доллар кумак барои рушди бахши молии Тоҷикистон аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии вазорати молии Тоҷикистон, Ҷамшед Каримзода, нахустмуъовини вазири молии кишвар ахиран бо маъмурияти БОТ дар ҶТ масоъили таҳия кардани тарҳи сармоягузории бозарфият барои рушди бахши молии кишварро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки БОТ барои амалӣ кардани ин тарҳ ба Тоҷикистон 15 миллион долар кумаки бебозгашт ироа хоҳад кард.

Ҳамчунин, барои таҳияи тарҳ БОТ 1,5 миллион доллар кумаки фаннӣ ихтисос хоҳад дод.

Тоҷикистон ин кумакро дар се соли оянда дарёфт хоҳад кард.