Ҳамдардии фарҳангиёни тоҷик бо Аҳмадшо Улфатшоев

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аҳмадшо Улфатшоев ва аҳли хонаводаи ӯ ҳамдардӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Фарҳангиёни тоҷик барои даргузашти писари Аҳмадшо Улфатшоев изҳори таслият кардаанд. Номаи таслияти аҳли фарҳанг дар равобити умумии Вазорат мунташир шудааст.

"Ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аҳмадшо Улфатшоев нисбати даргузашти писараш изҳори тасаллият намуда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд", — омадааст дар номаи таслият.

Ёдовар мешавем, ки Шоҳрух Улфатшоев писари ягонаи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Улфатшоев субҳи 31 май дар синни 55 дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Ба гузориши расонаҳои тоҷикӣ сабаби марги марҳум бемории қалб шудааст.