Раҳмон: Тоҷикистон ба рушди муносиботи кишварҳои ИДМ мусоидат мекунад

Эмомалӣ Раҳмон "барои мусоидат ба рушди минбаъдаи муносиботи кишварҳои ИДМ бо мақсади рушди иқтисод, амният ва субот" изҳори омодагӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи муносиботи кишварҳои узви ИДМ бо мақсади рушди иқтисодии кишварҳо мусоидат мекунад, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Чуноне раҳбари Тоҷикистон дар дидори раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ қайд кард, рушди минбаъдаи муносибот дар ин самт, мавриди таваҷҷуҳи Тоҷикистон аст.

Сарони ҳукуматҳои кишварҳои ҳамсуд дар Душанбе чиро баррасӣ мекунанд?

Эмомалӣ Раҳмон "барои мусоидат ба рушди минбаъдаи муносиботи кишварҳои ИДМ бо мақсади рушди иқтисод, амният ва субот" изҳори омодагӣ кард.

"Тадбирҳое, ки мо дар ин самт ба роҳ мемонем, ба принсипҳои дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва эътимод, ҳамкории мутақобилан судманд ва баррасии манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳо асос ёфтаанд. Дар ин раванд мо омодаем, ки минбаъд низ ба наздикшавии мавқеи давлатҳоямон дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ бо мақсади таъмини устувории иҷтимоиву иқтисодӣ, субот ва амният дар тамоми қаламрави Иттиҳод идома диҳем", — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи шӯрои сарони ҳукуматҳои узви кишварҳои ҳамсуд доир мегардад.

Дар ҷаласаи мазкур баррасии 14 масоил доир ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Одатан ҷаласа дар ду шакл сурат мегирад. Дар мулоқоти хосса роҳбарони ҳайатҳо дар атрофи масоили муҳими ҳамкории иқтисодӣ табодули назар карда, ҷараёни мулоқоти Созишнома дар бораи савдои озоди хизматрасониҳоро баррасӣ мекунанд.