Бонки миллии Тоҷикистон мехоҳад амалётҳояшро бо рубли русӣ зиёд кунад

Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки байнидавлатӣ масъалаи зиёд намудани ҳаҷми амалиётҳои вогардонӣ (конверсионӣ) бо рубли русиро баррасӣ намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Раиси Бонки миллӣ Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо раиси Бонки байнидавлатӣ Игор Суворов дидор ва мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад БМТ.

Ба иттилои  манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо имконияти зиёд намудани ҳаҷми амалиётҳои вогардонӣ (конверсионӣ) бо рубли русӣ ва кушодани суратҳисобҳо бо асъори миллии дигар давлатҳои аъзои Бонки байнидавлатиро баррасӣ намудаанд.

"Ҷонибҳо ба чанд масъала, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратии кишвар, имконияти зиёд намудани ҳаҷми амалиётҳои вогардонӣ (конверсионӣ) аз рӯи суратҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо рубли русӣ ва кушодани суратҳисобҳо бо асъори миллии дигар давлатҳои аъзои Бонки байнидавлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Инчунин зимни мулоқот тарафҳо масъалаи гузаронидани амалиётҳои бонкии  СВОП ва иштирок дар бозори коғазҳои қиматнокро баррасӣ намуданд.

Бонки байнидавлатӣ соли 1993 аз тарафи давлатҳои узви кишварҳои ҳамсуд таъсис ёфтааст. Бонки мазкур бо Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Кирғизистон, Русия ва Тоҷикистон  созишномаи ҳамкорӣ дорад.