Ҷасорат: Ғолибшо ва Маҳмадӣ духтараки 14-соларо аз дарёи пуроби Кофарниҳон бароварданд

Духтарак замоне худро ба дарёи Кофарниҳон партофт, ки Саидов Ғолибшо ва Мӯсоев Маҳмадӣ дар наздикии ҷойи ҳодиса буданд. Онҳо зуд ба наҷоти духтарак аз ғарқшавӣ ба рӯди пуртуғён шитофтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҷасорат ва қаҳрамонии ду кормандаш хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, корманди Шуъбаи хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, прапоршики калони милитсия Саидов Ғолибшо ва сержанти калони милитсия Мӯсоев Маҳмадӣ духтараки тайқрибан 14-соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, 30 май, тақрибан соати 08:30 духтараки 12-14-солаи сокини Ваҳадат худро аз пули болои дарёи Кофарниҳон, воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат ба дарё мепартояд.

Аз ин ҳодиса ҳодиса Ғолибшо ва Маҳмадӣ хабардор шуда, зуд ба наҷоти духтарак мешитобанд.

"Новобаста ба он, ки боришоти ҳафтаи охир ҳаҷм ва маҷрои оби дарёи Кофарниҳонро дучанд баланд карда, аз он наҷот ёфтан амри маҳол буд, кормандони милитсия бо нишон додани ҳушёрӣ, ҷасорат ва мардонагиву нотарсӣ ба дарёи пуртуғён даромада, қарзи инсонии худро иҷро намуданд",- менависад манбаъ.

Сипас, духтарчаи ноболиғро, ки дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт, таъҷилан ба беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат дастрас намуданд. Табибон низ аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода ноболиғро ба ҳуш оварда, ба табобаташ оғоз намуданд.

Аз ҷониби роҳбарияти ШХД "Муҳофиза"-и ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, барои анҷом додани чунин амали пурҷасорат, прапоршики калони милитсия Саидов Ғолибшо ва сержанти калони милитсия Мӯсоев Маҳмадӣ қадрдонӣ карда шуданд.