Кӯмак ба 7600 оилаи ниёзманд дар моҳи Рамазон дар Суғд

Аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нақшаи аёдати оилаҳои камбизоат ва шахсони низёманд тасдиқ гардида, тақсимоти кӯмакҳои моддӣ дар шаҳру ноҳия идома дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар моҳи шарифи Рамазон дар вилояти Суғд ба 7600 оилаи ниёзманд кӯмак расонида мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилоят.

" Бо ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ — 475, Ашт — 572, Бобоҷон Ғафуров — 925, Бӯстон — 66, Гулистон — 138, Деваштич — 631, Зафаробод — 257, Истаравшан — 908, Исфара — 552, Истиқлол — 25, Конибодом — 594, Куҳистони Мастчоҳ — 87, Мастчоҳ — 400, Панҷакент — 920, Спитамен — 206, Хуҷанд — 473, Ҷаббор Расулов — 276 ва Шаҳристон — 95 оила ва шахсони ниёзманд аёдат карда мешаванд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дафтари матбуотӣ меафзояд, ба ниёзмандон кӯмакҳои моддӣ аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ расонида мешавад.

Аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нақшаи аёдати оилаҳои камбизоат ва шахсони низёманд тасдиқ гардида, тақсимоти кӯмакҳои моддӣ дар шаҳру ноҳия идома дорад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Конибодом дар моҳи Рамазон  як соҳибкор тасмим гирифт, ки мактаби хатмкардаашро таъмир кунад.

Барои таъмиру барқарорсозии муассисаи таълимӣ харҷи 500 000 сомонӣ дар назар гирифта шуда, интизор меравад, ки корҳо моҳи сентябри соли ҷорӣ ба итмом расонида шавад.