Ҷавоҳирот дар Тоҷикистон арзон мешавад?

Парлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонун, боҷи гумрукӣ барои воридот ва содироти ҷавоҳирот ба ин кишварро коҳиш дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Ба нақл аз "Парс тудэй", Парлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қавонини гумрукии ин кишвар боҷ барои воридот ва содироти ҷавоҳиротро коҳиш дод.  

Воридкунандагони маҳсулот аз ин ба пас ба ҷои пардохти андоз бар арзиши афзуда ва боҷи гумрукӣ танҳо барои ҳар як грам тилло 2 доллар ва нуқра 0.4 доллар пардохт хоҳанд кард.  

Дар қонуни кунунӣ барои воридоти нуқра ва тилло тоҷирон бояд 42 дарсади қиммати онро ба унвони боҷи гумрукӣ ва андоз бар арзиши афзуда пардохт кунанд.

Ин бори аввал нест, ки кишвар боҷи воридоти ин ё он молро арзон мекунад. Ёдрас мешавем, соли гузашта Тоҷикистон боҷи воридоти мошинҳои хориҷиро арзон карда буд.

Коршиносон бар ин боваранд ки коҳиши молиёти гумрукӣ далели арзон шудани маҳсулоти воридшуда мешавад.