Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон расид

Дар Душанбе Дмитрий Медведев бо роҳбарияти Тоҷикистон ва бархе аз нахуствазирони кишварҳои ҳамсуд мулоқот хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон рафт.

Дар назар аст, зимни сафар нахуствазир бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода мулоқот кунад.

"Зимни дидор ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энержӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, муҳоҷират ва гуманитариро баррасӣ хоҳанд кард" —  менависад дафтари матбуотии Ҳукумати Русия.

Қарор аст, пас аз анҷоми мулоқотҳо санадҳои дуҷониба ба имзо расад.  

Ҳамчунин, Медеведев 1 июн дар Душанбе дар ҷаласаи сарони Ҳукуматҳои узви кишварҳои ҳамсуд иштирок хоҳад кард.