Тоҷикистон барои хона-интернатҳо аз ташкилотҳои хориҷӣ кӯмак хост

Супориши Раҳмон ба аъзои Ҳукумат дар бораи захираи маҳсулоти кишоварзӣ
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар меҳмонхонаи "Хаят Реҷенсӣ" Душанбе, зери унвони "Вазифаҳо ва дурнамои таҷдиди фаъолияти хона-интернатҳо" мизи мудаввар баргузор гардид, иттилоъ додааст Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Дар мизи мудаввар намояндагони Вазорат ташкилотҳои хориҷиро ба мушкилоти хона-интернатҳои Турсунзода, Ёвон ва Ҷаббор Расулов ҷалб намудаанд.

"Вазорати тандурустӣ барои амалигардонии тавсияҳои коршиносони байланмиллалии Намояндагони Иттиҳоди Урупо дар Тоҷикистон вобаста ба таҷдиди фаъолияти муассисаҳои давлатии "Хона-интернати пиронсолону маъюбони шаҳри Турсунзода", "Хона-интернати пиронсолону маъюбони шаҳри Ёвон", "Хона-интернати бемориҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов" барои соли 2018 кӯшиш дорад", — иттилоъ додааст манбаъ.

Дар мизи мудаввар сардорони раёсату шӯъбаҳои Вазорати тандурустӣ Тоҷикистон, роҳбари лоиҳаи "Кӯмаки техникии барномаи Иттиҳоди Урупо оид ба рушди нерӯи инсонӣ (марҳилаи II)", коршиносони байналмиллалӣ, директорони хона-интернатҳо ва дигар шахсони расмӣ ширкат кардаанд.

Мақсад аз баргузор гардидани мизи мудаввар баррасии барномаҳои вазорати тандурустӣ барои  амалигардонии тавсияҳои коршиносони байланмиллалии Намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон вобаста будааст.