Супориши Раҳмон ба аъзои Ҳукумат дар бораи захираи маҳсулоти кишоварзӣ

Дар Душанбе таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Ҳукумат баргузор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май— Sputnik. Дар ин маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат дастур дод, ки ҳарчӣ бештар маҳсулоти кишоварзӣ захира ва содирот кунанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур.

Пештар рӯзи 12 май зимни мулоқот бо фаъолони ҷомеа раисҷумҳур аз камҳосилӣ ва зимистони барвақту тӯлонӣ ҳушдор дода буд.

"Ҳар як оила, ҳамаи сохтору мақомот ва ташкилоту муассисаҳо ва дар навбати аввал муассисаҳои иҷтимоӣ бояд аз ҳоло ба зимистон омодагӣ бинанд. Зарур аст, ки ҳар оила захираи дусолаи маҳсулоти озуқа ва маводи сӯхтро дошта бошад", — таъкид карда буд Эмомалӣ Раҳмон.

Имрӯз дар маҷлис чӣ гузашт?

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ оид ба иҷрои супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон, аз қабили вусъати корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ, иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тозаю озода кардани кӯчаю хиёбонҳо, шаҳру ноҳия ва деҳоти кишвар, шинонидани гулҳои мавсимӣ, захира ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, дастурҳои мушаххас доданд.

Супориши Раҳмон ба Р. Эмомалӣ: сохтмони мактабҳоро назорат кунед

Дар маҷлиси имрӯза, гузориши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода ва "Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018" гузориши вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шудааст.

Ҳамчунин дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" шахсони масъул гузориш доданд.

Пас аз муҳокима лоиҳаҳои қонунҳои номбаршуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчунин 13 хулосаи Ҳукумат  ирсол гардид, аз ҷумла: "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун  "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш", "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун  "Дар бораи муҳоҷират", "Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об" ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумат  ба лоиҳаи Қонун  "Дар бораи ҳамкории наздисарҳадӣ".

Аъзои ҳукумат дар кори маҷлис ҳамчунин нисбат ба як қатор қарорҳои Ҳукумат, аз ҷумла Дар бораи Барномаи рушди КҲФ барои солҳои 2018-2022 ва Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар  Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, Дар бораи таҷлили 550 — солагии мусиқидон, шоир ва навозандаи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ ва 400 — солагии ситоишгари фарҳанги шаҳрдорӣ, суханвари бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ, қарорҳои дахлдор қабул кардаанд.