Арабистони Саудӣ омода аст дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад

Арабистони Саудӣ омода аст дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Одил Мирдод мулоқот кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидор ҷонибҳо масоили сиёсӣ ва иқтисодиро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст баррасӣ шудааст.

"Ҳарду ҷониб омодагии худро ба густариши робитаҳо, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг ва саёҳат таъкид доштанд", —омадааст дар хабарнома.

Тоҷиксодиротбонкро Арабистони Саудӣ саҳмгузорӣ мекунад

Лозим ба ёдоварист, ки рӯзи 11 май соли ҷорӣ дар доираи сафари ҳайати соҳибкорон ва сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон мулоқоти раиси ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" Тоҷиддин Пирзода бо раиси гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) Шайх Валид Аҳмад Муҳаммад Ад-Даҳаш Ат-Тувайҷирӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо мувофиқат карданд, ки то 51% саҳмияҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" аз тарафи Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) харидорӣ мегардад.