Тиҷорат, энержӣ ва муҳоҷират: барои чӣ Медведев ба Тоҷикистон меравад

Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев зимни сафар ба Тоҷикистон, бо раисҷумуҳр Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазир Қоҳир Расулзода мулоқот хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Сарвазири Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон сафар кард. Қарор аст, вай бо роҳбарияти баландпояи Тоҷикистон мулоқот кунад ва дар ҷаласаи сарони Ҳукуматҳои узви кишварҳои ҳамсуд иштирок намояд.

Чуноне, дастгоҳи ҳукумати Русия хабар додааст, дар Душанбе нахуствазири Русия бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазир Қоҳир Расулзода мулоқот хоҳад кард.

Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон меравад

Бино ба иттилоъи манбаъ, зимни мулоқот ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энержӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, муҳоҷират ва соҳаҳои гуманитарӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.  

Интизор меравад, ки пас аз мулоқот як қатор созишномаҳои дуҷониба имзо шавад.

Медведев 1 июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи сарони Ҳукуматҳои узви кишварҳои ҳамсуд иштирок менамояд.

"Дар ҷаласаи мазкур ҷонибҳо дар бораи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи кишварҳои ҳамсуд табодули назар хоҳанд кард. Инчунин тарафҳо масъалаи пружаи созишнома дар бораи тиҷорати озоди хизматрасониҳо, ҳамкориҳо дар соҳаи навоварӣ, рушди бозори моликияти зеҳнӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи маорифу сиёсати ҷавононро баррасӣ хоҳанд кард", — иттилоъ додааст дафтари нахуствазири Русия.

Интизор меравад Дмитрий Медведев дар Душанбе бо нахуствазирони кишварҳои ҳамсуд ҳам мулоқот кунад.