То моҳи ноябр ҳар рӯзи истироҳат дар Хоруғ консерт баргузор мешавад

Барномаҳои консертӣ бо ширкати ҳунарпешаҳои бахшҳои фарҳанги ноҳияҳо, ансамблҳои "Навои Бадахшон" ва "Эҳё" сурат мегиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боғи марказии шаҳри Хоруғ рӯзҳои истироҳат барномаҳои консертию ҳунарӣ баргузор мегарданд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги ҶТ.

Чунин барномаҳо аз моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз шудааст.

Сокинон ва меҳмонони шаҳри Хоруғ метавонанд то моҳи ноябри соли равон дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз барномаҳои фарҳангӣ баҳра баранд.

Барномаҳои консертӣ бо ширкати ҳунарпешаҳои бахшҳои фарҳанги ноҳияҳо, ансамблҳои "Навои Бадахшон" ва "Эҳё" сурат мегиранд.

Ёдоварӣ мекунем, ки аз 9 то 13  май дар чанд  шаҳру навоҳии вилояти  Хатлон Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ баргузор шуд.

Дар доираи маросими мазкур, намоядагони ҷавонон, адибон  ва аҳли  ҳунари Бадахшон бо сокинони вилояти Хатлон дидору гуфтугӯ кардаанд.

Инчунин дар ин рӯзҳо маҳфилҳои гуногуни  фарҳангӣ таҳти унвони "Модарон дар шоҳроҳи ваҳдат", "Ширу  шакари  адибони  Бадахшон  ва  Хатлон",  "Шоми дӯстӣ" ва ғайраҳо баргузор шудааст.

Дар  шаҳру  навоҳии вилоят ғайр аз барномаҳои фарҳангӣ инчунин намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ баргузор шудааст.