Гирди дунё: Калонов парчами Тоҷикистонро дар 50 кишвари дунё парафшон мекунад

Моторсавори машҳури тоҷик Фарҳод Калонов ба гардиши дунё мебарояд, то корҳои нек анҷом бидиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik, Марина Чернышова-Мельник. Рӯзи 1-уми июн президенти ягона клуби байкерҳо дар Тоҷикистон бо номи "Ирбис" Фарҳод Калонов ба ҷаҳонгардӣ мебарояд.

Байкер ният дорад дар тамоми ҷаҳон тани танҳо бо мотосикл чарх зада, ҳамзамон Ватани худро бо парчамаш дар дигар кишварҳо тмуаррифӣ кунад.

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Калонов муфассалоти сафари банақшагирифтаашро нақл кард.

Байкери тоҷик мехоҳад нишон диҳад, ки чӣ тавр дар танҳоӣ метавон садҳо ҳазор километрро тай намуда, ҳамзамон ватани худро шарафманд гардонд ва корҳои хуб карду, аз тамоми ин чизҳо хушнуд шуд.

 

Хатти сафар дар болои дучарха хеле ғаниву тӯлонӣ аст. Байкер аз Тоҷикистони худ ба Узбакистону Туркманистон, ва сипас бо киштӣ тавассути баҳри Хазар, ба Озарбойҷон расида, аз он ҷо ба Гурҷистон, Туркия, Юнон, Украина, Руминия ва Молдова меравад.

Аз қаламрави Украина, Белорусия ва кишварҳои соҳили Балтик мегузарад. Ба сарзамини шаҳри аз ҳама ғарби Русия — Калининград расида, Фарҳод роҳи худро аз ҳудуди кишварҳои Лаҳистон, Чехия, Австрия ва Хорватия идома хоҳад дод.

 

Бо дучарха аз байни "мӯзача"-и Италия гузашта, ӯ ба Фаронса, сипас ба Испания ва Португалия хоҳад расид. Ҷавонмард аз шаҳри ҷануби Испания гулӯгоҳи Гиблартарро шино карда, ба Марокко мерасад.

Дар Африқои гарму сӯзон вай кишварҳои Марокаш, Мали, Буркина Фасо ва Сенегалро мебинад. Сипас Фарҳод ва мошинаш уқёнуси Атлантикро шино мекунанд ва ба соҳилҳои кишварҳои Амрикои Ҷанӯбӣ мерасанд: Уругвай, Аргентина, Бразилия, Боливия, Чили, Перу, Колумбия ва Венесуэла.

Аз он ҷо — сафар ба Амрикои Марказӣ: Панама, Коста-Рика, Никарагуа, Гондурас, Гватемала ва Мексика. Байкер тавассути қаламравҳои бузурги ИМА ва Канада ҳаракат хоҳад кард. Аз он ҷо киштӣ ӯро аз байни Уқёнуси Ором ба Владивосток оварда мерасонад.

“Мо - тоҷикем”: моторсаворони тоҷик пас аз Урупо сайри Амрико мекунанд

Фарход самти худро ба сӯи Ғарб идома медиҳад: Муғулистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ниҳоят, Тоҷикистон.

Дар охири сафари худ вай ба макони ибтидо бар хоҳад гашт. Дар маҷмӯъ, Камолов 50 кишварро сайр карда, тақрибан 100 ҳазор километрро тай мекунад. Ӯ ба нақша гирифтааст, ки ба ин сафари худ 1 соли умрашро сарф кунад.

Ба гуфти сайёҳ, ҳадафи асосии вай — хайрия аст. Беҳуда нест, ки сафари вай 1-уми июн — Рӯзи байналмилалии кӯдакон шурӯъ мешавад.

"Дар роҳи тӯлонии худ ман ба марказҳои тиббӣ, ки дар он онҳо кӯдаконро аз синдроми Дауна табобат мекунанд, боздид мекунам. Бо табибон, мизоҷон ва волидайни онҳо гуфтугӯ хоҳам кард. Ба оламиён ман мехоҳам нишон диҳам, ки ин кӯдакони офтобӣ — мисли мо ҳастанд. Муҳим он аст, ки муттаҳид шавему бар зидди ин бемории вазнин мубориза барем. Ман худамро "сафири ҳусни ният" мешуморам ва  вазифаи ман — ҷалби таваҷҷӯҳи ҷамъият тавассути машҳуриву обу рӯям аст", — мутмаъин аст Фарҳод.

Маршрут кругосветного путешествия Фархода Калонова, архивное фото

Ҳамчунин Калонов мехоҳад парчами ватандӯстии ҷавононро баланд бардошта, таваҷҷӯҳи одамонро ба анвоъи варзиши солим ҷалб намояд. Яъне, машғул шудан ба фаъолияти ҷисмонӣ ва тарзи зиндагӣ бо ҳаракат. Барои ин кор байкер мехоҳад рӯзномаи маҷозии сафари худро тартиб диҳад: дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳикоя ва аксҳо аз сафари худро мегузорад.

Ягона моҳвораи Фарҳод дар ин сафари тӯлонӣ — парчами Тоҷикистон аст.

"2018 Соли гардишгарӣ эълон шудааст. Бино бар ин, ман бо худ кутуб ва қурсҳои зиёдеро дар бораи Тоҷикистон ба забони англисӣ мебарам. Ба сокинони кишварҳои мухталиф дар бораи ватани худ, урфу одатҳои он нақл хоҳам кард, таваҷҷӯҳи гардишгаронро ба ватанам Тоҷикистон ҷалб хоҳам кард", — мегӯяд байкер. 

Ҳамин тавр, 1-уми июн Фарҳод Калонов сафари гирдидунёии худро оғоз мекунад.

Он аз майдони Исмоили Сомонӣ (маркази Душанбе), ё аз нуқтаи сифр оғоз меёбад. Агар мақомоти шаҳрӣ иҷозати расмӣ надиҳанд, байкер аз нуқтаи наздиктарини "авто-заправка" роҳсипор мешавад.

Мотор аллакай омода аст ва дар тамоми баданаи он аксҳои парчамҳои кишварҳои дунё ва логотипҳои шарикони тарҳ, ширеш шудааст. Рӯзҳои ангуштшумор мондаанд то Фарҳод нерӯи тоза гираду, ҷасти ҳалкунандаро ба амал орад. Тамоми хоҳишмандон метавонанд оғози хатсайри Фарҳодро тариқи интернет пайгирӣ ва саҳмҳои хайриявии байкери тоҷикро дастгирӣ намоянд.