Мудири созмони "Маркази манобеи корӣ" Алексей Чистяков дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки сабти номи муҳоҷирон дар Русия кадом мушкилиҳоро дорад.
Чистяков о проблемах с регистрацией мигрантов в Москве
"Мушкилии аввал-сабти номи муҳоҷирон дар манзили истиқоматии муваққатии онҳо мебошад. Бештари муҳоҷирон дар маконҳое зиндагӣ мекунанд, ки нишонаи ҳуқуқӣ надорад",- тавзеҳ медиҳад вай.
Ба гуфтаи Чистяков, ин гуна ҷойҳо- шаҳракҳои маишӣ дар сохтмонҳо мебошанд.
Мушкилии дувум, ба гуфти ин коршинос- на ҳама шаҳрвандони Русия розӣ мешаванд, ки муҳоҷиронро дар манзилҳояшон сабти ном кунанд.
Тавзеҳоти бештари коршиносро аз сабти овозии боло гӯш кунед.