Ба занон рухсат доданд, ки бе иҷозаи шавҳаронашон ба хориҷа раванд

Занони Тошкандро аз коғазбозии зиёдатӣ ҳангоми сафар ба хориҷ озод карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ба занон ва духтарони сокинони Тошканд дигар лозим нест, ки ба шӯъбаҳои хадамоти муҳоҷират ва танзими шаҳрвандӣ рафта, барои сафар ба хориҷа иҷоза гиранд.

Дар баробари ин ҷинси латиф  аз дастрас кардани маълумотнома аз ҷойи истиқомат, натиҷаи ташхиси тиббӣ ё гирифтани иҷозати ҳамсар ва замонати афроди мавриди эътимод озод карда шудаанд.

Аз ин "ӯҳдадориҳо" занонро муовини вазири умури дохилаи  Узбакистон, роҳбари сарраёсати ВУД Тошканд Рустам Ҷӯраев озод кардааст.

Ба гуфтаи вай, ин таҷриба дар кишвар натиҷае надод, аммо барои занон мушкилии ҳуҷҷатбозиро пеш меорад.

Ҳоло ин тартиботи нав танҳо дар Тошканд амалӣ шудааст, аммо сарраёсати вазорати умури дохилаи Тошканд аллакай ба вазорат пешниҳод кардааст, ки ин маҳдудият дар тамоми Узбакистон бардошта шавад.