Фролов: Маскав ҷонибдори беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Эрон аст

Чрезвычайный и Полномочный посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов
Сафири Русия дар Душанбе аз тамоюли кишвараш барои беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Эрон хабар дод.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Ба нақл аз "Парс тудэй", Игор Фролов дар ҳошияи шашумин Ҳамоиши ҳамкориҳои минтақаии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфт, кишвараш ҷонибдори беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Эрон мебошад.

Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон шарики роҳбурдии Русия аст ва Маскав бо Теҳрон низ равобити наздик дорад, аз ин рӯ баҳбуди равобити Тоҷикистон ва Эрон хостаи Русия ва ба нафъи ҳамагон аст.

Игор Фролов дар бораи беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Эрон дар ояндаи наздик ибрози хушбинӣ кард.