Ҳикматуллозода: Русия шарики аслии тиҷории Тоҷикистон боқӣ мемонад

Вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар бораи самтҳои аслии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Русия гуфт
Sputnik

Ҳангоми суханронӣ дар ҳамоиши шашуми Тоҷикистону Русия ӯ қайд кард, ки Русия ҳамоно шарики аслии тиҷории Тоҷикистон мемонад.

Хикматуллозода рассказал о главных направлениях сотрудничества Таджикистана и России

"Тибқи маълумоти Ожонси омори Тоҷикистон гардиши молу коло миёни Тоҷикистону Русия дар соли 2017 беш аз 935 миллион долларро ташкил дод, ки ин 23,6 дарсади умумии гардиши моли Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар қиёс бо соли 2016 гардиши мол миёни кишварҳои мо то андозае коҳиш ёфтааст",-гуфт вазир.

Ба гуфти ӯ сабаби коҳиш ёфтани гардиши мол нархи ноустувори колои содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ, беқурбшавии пули миллӣ ва коҳиши талабот ба колои содиротӣ шудааст.

"Мо пешгӯиҳои хушбинона дорем. Русия аз ҷиҳати сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон пешсаф аст. Ва беш аз 1,6 миллард доллар ва наздики 19 дарсади сармоягузории умумиро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 300 корхонаи русиягӣ фаъолият дорад", —гуфт Ҳикматуллозода.

Шарҳи пурраи мавзуъро да шакли радиоӣ гӯш кунед.