Шаҳри бехатар: аз қонуншикании "Агроинвестбонк" то ҷаримагурезии Asian Express

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 май- Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар як сокини ноҳияи Рӯдакӣ Атовуллоев Абдулло бо худрави "Тойота Камри" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 2226 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

Нашри рӯйхати ронандагони ҷаримагурез дар ВКД

"Тойота Камри"-и мутаалиқ ба сокини шаҳри Душанбе Афзалов Анварҷон 218  бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нақз кардааст.

Дар ин рӯйхати ВКД ҳамчунин қонуншикании идораву ширкатҳои мухталиф мунташир шудааст.

Дар ин феҳрист худрави ширкати КВД "Роҳи оҳан" — "Хундай Элантра" 41 бор қонуни ҳаракат дар роҳро нақз карда ва худрави ширкати ҶСК "Агроинвестбонк" бо тамғаи "Тойота Авалон" 36 маротиба қонуншиканӣ кардааст. Ҳамчунин "Барқи тоҷик" бо худрави "Опел Астра" 90 бор нақзи қонун кардаасту  чаҳор худрави ширкати Asian Express дар маҷмуъ-263 маротиба қонуни ҳаракат дар роҳро нақз кардаанд.

Дар умум дар феҳристи ҷаримагурезони ВКД, қонуншикании 30 шаҳрванди Тоҷикистон сабт шудааст.