Генерал Аламшозода: дӯстии Тоҷикистону Покистон мустаҳкамтар хоҳад шуд

Тоҷикистону Покистон дар асоси беш аз 50 санад ҳамкорӣ дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 май- Sputnik. Имрӯз муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, Абдураҳмон Аламшозода бо ҳайъати намояндагони Покистон, таҳти роҳбарии раиси Кумитаи сардорони ситодҳои муттаҳидаи Артиши ин кишвар генерал Зубайр Маҳмуд Ҳаят, дидору мулоқот кардааст, хабар медиҳад ВКД.

Гуфта мешавад, ки Аламшозода, намояндагони Покистонро ба сарзамини Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, қайд кардааст, ки мардуми Покистону Тоҷикистон бо ҳам дӯсту бародар буда, чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид.

Барои манфиати ду кишвар: Тоҷикистону Покистон муносибатҳояшро рушд медиҳад

Аламшозода гуфтааст, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикитсону давлати Покистон бо манбаи пуриқтидори шартномавӣ-ҳуқуқӣ мустаҳкам гардонида шуда, зиёда аз 50 санади муҳим ба имзо расонида шудааст. 

Ҷаноби Зубайр Маҳмуд Ҳаят барои пазироии самимона изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кардааст, ки ҷониби Покистон ҷиҳати рушду нумӯъ ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар самтҳои мавриди таваҷҷӯҳ манфиатдор буда, дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, ҳамеша омода аст.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили таҳким ёфтани ҳамкориҳои тарафайн дар мубориза бо терроризму экстремизм, мубодилаи иттилоот ва дигар намуди ҷиноятҳои фаромиллиро баррасӣ кардаанд.