ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Гурӯҳи тамоси "Созмони ҳамкории Шанхай- Афғонистон", ки дар шаҳри Пекин баргузор шуд, бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Ханхуэй мулоқот намуд.
Зимни мулоқот тарафҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Чинро дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амниятӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, илмию фарҳангӣ баррасӣ намуданд.
Инчунин зимни мулоқоти мазкур тарафҳо масъалаҳои мубрами минтақа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амнияти минтақавӣ, бахусус роҷеъ ба вазъияти Афғонистонро баррасӣ намуданд.
Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини Вазири корҳои хориҷии Чин Чжан Ханхуэй таъкид, карданд, ки иштироки роҳбарони ду кишвар дар Саммити дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Чиндао, ҳамчунин доир намудани ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳо (сарвазирони) давлатҳои узви СҲШ-ро моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе муҳим арзёбӣ мекунанд.