Сарвазири Русия Дмитрий Медведев дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ, ки рӯзи 1 июл дар Душанбе сурат мегирад, ширкат меварзад
Мудири шӯъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Донишкадаи кишварҳои узви ИДМ Андрей Грозин оид ба рӯзномаи ҷаласаи дарпешистода суханронӣ намуд.
"Аз як тараф, барои минтақа он даъватҳое боқӣ мондаанд, ки қаблан мо онҳоро мушоҳида карда будем. Аз тарафи дигар, вазъият дар Афғонистон ҳар моҳ сангинтар шуда истодааст, ин ҳам бошад дар ҳолест, ки дурнамоҳои интихоботи парлумонии тирамоҳӣ дар Афғонистон тафсида истодааст. Он чӣ тавр мегузарад, ҳеҷ кас гуфта наметавонад, вале бисёре аз коршиносон бар он андешаанд, ки ҳама ин метавонад ба амнияти Афғонистон ва минтақаҳои ҳаммарз бо он таъсири манфӣ расонад", — шарҳ дод Грозин ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба андешаи вай, маҳз рӯзномаи ҷаласаи ҷорӣ фаъолияти сиёсатмадоронро дар атрофи мавзӯи Осиёи Марказӣ тавзеҳ медиҳад.
"Дар худи минтақа равандҳои шавқовар ва гуногунсоҳа мегузаранд, ки моро маҷбур месозанд то ба вазъ нигоҳи дигар кунем — фаъолии роҳбари нави Ӯзбекистон дар робита ба барқарор кардани муносибатҳои хуб бо ҳамсоягони наздиктарин ва бартараф намудани потенсиалҳои муноқишавии ҷамъшуда. Ҳоло дар ҳудуди минтақа як тасвири нав аҷоиб ба назар мерасад. Ин як сабабе мешавад, ки ба вазъ, имкониятҳои иқтисодӣ, амният, суботи иҷтимоиву сиёсӣ ба таври нав назар афканем", — илова кард Грозин.
Ҷаласаи охирини вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои СПАД гӯё бевосита тавассути ин мулоҳизот гузашта буд — вазъияти ҳӯшдордиҳанда дар ҷануб — ва даъватҳои хатарноки ҷаҳонӣ.
"Бӯҳрони Сурия таҳвили даъватҳои мухталиф ва таҳдидҳои гуногунро ба берун аз хоки он имкон медиҳад. Ин як имкони дигари баргашти шаҳрвандони мамлакатҳои Осиёи Маркази, ки аз тарафи исломиён меҷангиданд буда, тамоюли хатарноки терроризм дар саросари ҷаҳон ва Осиёи Марказиро шиддатноктар мекунад. Манзараи умумии муташанниҷии вазъ хатарноктар мешавад, ва кишварҳои аъзои СПАД бояд ҳамаи инро ба инобат гиранд. Аз ин рӯ, нақшаҳои чорабиниҳои омӯзишии ҳарбӣ роҳандозӣ карда мешаванд", — шарҳ дод Гросс.