ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Дар Донишкадаи Конфутсияи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои устодони маҳаллӣ аввалин курсҳои ибтидоии забони чинӣ ташкил карда шудааст, иттилоъ медиҳад равобити умуми донишгоҳ.
Дар ҳоли ҳозир дар курсҳои ибтидоии такмили ихтисос 22 омӯзгор таҳсил мекунад. Курси мазкур ду моҳ идома меёбад.
Довталабони курси мазкур пас аз супоридани имтиҳон аввалин гурӯҳи омӯзгорони касбии забони чинӣ дар Тоҷикистон хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол, омӯзгорон пас аз анҷоми таҳсил соҳиби иҷозатномаи омӯзиши забони чинӣ мешаванд.
"Умедворем, ки онҳо дар оянда дар якҷоягӣ бо омӯзгорони Чин саҳми худро дар рушди омӯзиши забони чинӣ дар Тоҷикистон хоҳанд гузошт", — таъкид намудааст роҳбари донишкадаи Конфутсия Тзя Тзифан.
Қаблан профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, доктори илмҳои филология Рустам Салимов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъкид карда буд, ки ҳоло забони чинӣ миёни донишҷӯёни тоҷик маҳбубияти зиёд пайдо кардааст.
Ин раванд ба хотири сармоягузориҳои ширкатҳои Чинӣ дар Тоҷикистон сурат мегирад. Аксари ширкатҳои чинӣ, мутахассисони ҷавонони тоҷикро ба кор қабул мекунанд.
Ин ҳам ба сиёсати худи Чин робита дорад. Чин барои тайёр намудани мутахассисони касбии донандаи забони тоҷикӣ ва чинӣ ҳавасманд аст.