Занозании гурӯҳӣ дар ноҳияи Синои Душанбе

Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид мекунад, ки барои ворид нашудани халал ба тафтишот ҳоло ин ҳодисаро пурра тавзеҳ намедиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Шаби 26 май дар маҳаллаи 102-юми шаҳри Душанбе чанд ҷавон ба ҳам дарафтодаанд.

Тавре дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон намояндаи Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, "барои ворид нашудани халал ба тафтишот ҳоло ин ҳодиса пурра тавзеҳ дода намешавад".

Ба гуфтаи вай, ҳоло шаш ҷавон ба иттиҳоми "авбошӣ" ва "дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ" боздошт шудаанд.
Тафтишот идома дорад.

Дар Ваҳдат писар падари 60-солаашро кушт...

Пештар хабар дода шуд, ки милисаҳои Душанбе ба ҷанҷолҳои гурӯҳие, ки дар мактабҳои пойтахт сар мезанад, ҷавобгар шудаанд.

Ба иттилои Раёсати ВКД-и пойтахт, Милисаҳои ба мактабҳо вобасташуда шахсан масъул буда, дар сурати рух додани чунин ҳодисаҳои номатлуб нисбати кормандони вобастагардида санҷишҳои хизматӣ гузаронида шуда, ҷазоҳои сахти интизомӣ татбиқ карда мешавад.

Яке аз ҳадафҳои роҳандозии иқдоми мазкур пешгирии авбошиҳои гурӯҳӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣгуфта шудааст.
Тибқи додаҳои ВКД, давоми соли 2017 бо иштироки мактаббачагон 4 ҷинояти авбошии гурӯҳӣ содир гардид, ки дар натиҷа 2 нафар ҳалок ва 4 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.