Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон меравад

Интизор меравад, ки нахуствазири Русия Дмитрий Медведев зимни сафар ба Тоҷикистон, бо раисҷумуҳри Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазир Қоҳир Расулзода мулоқот анҷом диҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев 31 май бо сафари дурӯза ба  Тоҷикистон меравад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Дмитрий Медведев.

Қарор аст, нахуствазири Русия дар ҷаласаи сарони Ҳукуматҳои узви кишварҳои ҳамсуд, ки дар Душанбе 1 июн баргузор мегардад, иштирок намояд.

"Дмитрий Медведев дар рафти мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазир Қоҳир Расулзода масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷориву иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нерӯ, нақлиёт, кишоварзӣ, муҳоҷират ва ғайраҳоро баррасӣ хоҳад кард",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Қарор аст, пас аз анҷоми мулоқотҳо, санадҳои дуҷониба ба имзо расанд.