Дар Ваҳдат писар падари 60-солаашро кушт...

Нисбати ин қазия тибқи талаботи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Дар шаҳри Ваҳдат писаре падари 60-солаашро кушт, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ин ҳодисаи нангин дар шаҳри Ваҳдат рух дода, муттаҳам — марди 34-сола сокини ҷамоати деҳоти Б.Бурунови шаҳри мазкур аллакай дастгир шудааст.

Шоми 25 май писар дар пайи муноқишавии оилавӣ падарашро лату кӯб мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Нисбати ин қазия тибқи талаботи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.