ВУХ чаҳор кӯдаки дигарро аз Сурия ба Тоҷикистон бозгардонд

Субҳи имрӯз боз чаҳор кӯдаки тоҷик ба Ватан бозгардонида шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи  аз Сурия баргардонидани чаҳор кӯдаки тоҷик хабар додааст.

"Дар партави иҷрои супориши Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватан баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик субҳи 26 майи соли 2018 Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои дахлдори кишвар чаҳор кӯдаки ноболиғро аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонд",-омадааст дар хабарнома.

Миёни шаш мурда: Марям дар бораи зиндагии фоҷиабораш дар Ироқ нақл кард

Вазорат гуфтааст, ки "бо дарназардошти зарурати ҳимояи ҳуқуқи атфол ва риояи ҷанбаҳои ахлоқӣ аз ифшо намудани номи бозгардондашудагон ва пешниҳоди тафсилоти бештар худдорӣ менамояд".

Ёдоварӣ мекунем, ки дар моҳи апрели имсол, мақомот чаҳор кӯдаки тоҷикро аз паноҳгоҳе дар маркази Ироқ ба ватан оварда буданд, ки яке аз онҳо Марям Шоеваи ёздаҳсола аст

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, даҳҳо кӯдаки дигари тоҷик дар Ироқу Сурия ятим мондаанд ва талош барои бозгардонидани онҳо идома дорад.

Дар маҷмӯъ, беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд соли гузашта ба Ироқу Сурия рафта, ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ ба мисли гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд.

Баъзе аз онҳо, ки кӯдаконашонро бо худ бурдаанд, дар ҷангҳо кушта шудаанд ва маълум нест, чанд ятими дигари тоҷик дар Ироқу Сурия мондаанд.

Пештар волидони ҷавонони тоҷик ба ҷанг рафта, аз мақомоти тоҷик хоҳиш карданд, ки фарзандонашонро аз маконҳои ҷангзада бозгардонанд.