Аҳмадзода бел дар даст шахсан ба мумфаршкунии роҳи Хуҷанд пардохт

Раиси вилояти Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 25 май ба корҳои мумфаршкунӣ ва азнавсозии роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шахсан оғоз кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд роҳи кӯчаи Сирдарё мумфарш мешавад, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Аз расм дида мешавад, ки чӣ гуна раиси вилоят шахсан бо бел ба корҳои мумфаршкунӣ оғоз мебахшад.

Супориши Аҳмадзода дар бораи бунёди макони истироҳатӣ дар Унҷӣ

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони маҳаллаи "Навбаҳор" ва фаъолони шаҳр гуфтааст, ки дар заминаи фармони Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори раиси вилоят дар қаламрави вилоят "1300 рӯзи меҳнати зарбдор" эълон гардидааст.

Ва мумфаршкунии яке аз кӯчаҳои асосии шаҳри Хуҷанд, ки ин шаҳри бостониро бо навоҳии Бобоҷон Ғафурову Ашт, Мастчоҳ ва шаҳри Истиқлол пайваст менамояд, далели ин гуфтаҳост.

Раис гуфтааст, ки азнавсозии роҳ аз гардишгоҳи "Наврузгоҳ" оғоз гардида, то гардишгоҳи "Ором" идома меёбад.

Ҳамзамон рузҳои наздик мумфаршкунии роҳи кӯчаи 30 солагии Ғалаба ва 500 метр тангкучаи маҳаллаи "Навбаҳор" низ ба сомон расонида мешавад, ки дар маҷмӯъ наздик 5 километр роҳҳои маркази вилоят мумфарш мегардад.

Корҳои таъмир ва мумфаршкуниро ширкати "Тоҷ-роуд" ба уҳда дорад.