БМТ таҳдид дорад иҷозатномаи ду бонки бузургтарини ҶТ-ро бозхонд намояд

Агар "Агроинвестбонк" ва "Тоҷикисодиротбонк" аз ӯҳдаи вазифаи худашон набароянд, зидди онҳо чораҳои зарурӣ то бозхонди иҷозатнома андешида мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik.  Агар "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" дар муҳлати кӯтоҳтарин сармоя ҷалб накунанд иҷозатнома барои фаъолияти бонкии онҳо бозхонд карда мешавад, таъкид кардааст раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода.  

Вай афзуда, ки роҳбарияти "Агроинвестбонк" ваъда дода буд, ки то охири моҳи май сармоя ҷалб хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки роҳбарияти "Тоҷиксодиротбонк" дар ҷустуҷӯи сармогузор мебошад.

"Агар ин бонкҳо аз ӯҳдаи вазифаи худашон набароянд, зидди онҳо чораҳои зарурӣ то бозхонди иҷозатнома андешида мешавад" — гуфтааст Нурмаҳмадзода.

Саргардонии муштариёни ду бонки буҳронзадаи Тоҷикистон

Лозим ба ёдоварист, ки рӯзи 11 май соли ҷорӣ дар доираи сафари ҳайати соҳибкорон ва сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон мулоқоти раиси ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" Тоҷиддин Пирзода бо раиси гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) Шайх Валид Аҳмад Муҳаммад Ад-Даҳаш Ат-Тувайҷирӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо мувофиқат карданд, ки то 51% саҳмияҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" аз тарафи Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ  (Saudi Investment Group) харидорӣ мегардад.

Дар бораи ин масъала тарафҳо шартномаи пешакӣ имзо карданд.

Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Тоҷикистон дастур дода буд, ки дар кӯтоҳтарин замон барномаи ҳалли мушкилоти молии "Агроинвестбонк" ва "Тоҷисодиротбонк"-ро омода ва амалӣ кунанд.