Озмун барои духтарони хушрӯй ва қоматбаланд: ансамбли "Зебо" чеҳраҳои нав меҷӯяд

Озмун рӯзҳои 13,14 ва 15 июн аз соати 12:00 то 18:00 дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ансамбли рақсии "Зебо" барои дарёфти чеҳраҳои нав озмун эълом кардааст. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти беҳтарин чеҳраҳо ба ансамбли давлатии рақсии "Зебо" озмун эълон менамояд.

Дар озмун ҷавондухтарони аз 12 то 16 сола, ки чеҳраи зебо, қаду қомати мавзун ва дарки мусиқӣ доранд, метавонанд иштирок намоянд.

Озмун рӯзҳои 13,14 ва 15 июни соли 2018 аз соати 12:00 то 18:00 дар Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ, воқеъ дар нишонии ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 43 (бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, ошёнаи 2) баргузор мегардад.