Даромади мардуми Тоҷикистон бештар шудааст?

Даромади сокинони Тоҷикистон наздик ба 11 фоиз зиёд шуда, моҳонаи миёнаашон то 128 сомонӣ боло рафтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik.  Дар Тоҷикистон сатҳи миёнаи моҳона дар мавсими аввали моҳи апрели соли ҷорӣ 10,5% зиёд шуда ба 1228 сомонӣ (8 ҳазору 473 рубл) расидааст, иттилоъ додааст Оҷонсии омори Тоҷикистон.

Дар Тоҷикистон моҳонаи балантарин дар Душанбе мушоҳида шудааст. Моҳонаи миёнаи сокинони пойтахт 1934,24 сомонӣ (13 ҳазору 346 рубл) будааст. Вале музди пасттарин дар вилояти Хатлон ба андозаи 915,53 сомонӣ (6 ҳазору 317 рубл) будааст.

Кӣ доротар: музди кори президентҳо чанд аст

Дар Тоҷикистон моҳонаи бештарро кормандони соҳаи молия ва саноати куҳӣ мегирифтаанд, музди маоши онҳо 3191,19 сомонӣ (22 ҳазору 19 рубл) ва 2385,79 сомонӣ (16,4 ҳазор рубл) будааст.

Кормандони соҳаи кишоварзӣ музди наонқадар зиёд доштаанд, моҳонаи онҳо баробар ба 532,77 сомонӣ (3,6 ҳазор рубл) будааст.

Қаблан Оҷонси омор иттилоъ дода буд, ки дар Тоҷикистон моҳонаи миёна дар моҳи феврали соли ҷорӣ 1,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин музди маоши камтаринро кормандони соҳаи кишоварзӣ (тақриба 600 сомонӣ) мегирифтаанд.  Вале музди бештар дар он давра дар соҳаи саноати куҳӣ ва истихроҷи маъданҳои рӯи замин ба миқдори 2,2 ҳазор сомонӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол соли 2017 моҳонаи миёна дар Тоҷикистон 10,7% (ба 114 сомонӣ) боло рафта буд.

Музди кори кӣ дар Тоҷикистон бештар аст?