Аҳмадзода: дар ҳар як деҳаи Суғд ҳаммомҳо ва ороишгоҳҳо бунёд мешавад

Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, ки дар давоми се соли оянда дар ҳар як деҳоти вилояти Суғд ҳаммомҳо, сартарошхонаҳо ва ороишгоҳҳо бунёд хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ин нуктаро раиси вилояти Суғд зимни маросими оғози мумфаршкунии роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо сокинони маҳаллӣ гуфтааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Имрӯз, бо ширкати раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунӣ ва азнавсозии роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшида шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кардааст, ки азнавсозии роҳ аз гардишгоҳи "Наврузгоҳ" оғоз гардида, то гардишгоҳи "Ором" идома меёбад.

Супориши Аҳмадзода дар бораи бунёди макони истироҳатӣ дар Унҷӣ

Ҳамзамон рузҳои наздик мумфаршкунии роҳи кӯчаи 30 солагии Ғалаба ва 500 метр тангкучаи маҳаллаи "Навбаҳор" низ ба сомон расонида мешавад, ки дар маҷмӯъ наздик 5 километр роҳҳои маркази вилоят мумфарш мегардад.

Корҳои таъмир ва мумфаршкуниро ширкати "Тоҷ-роуд" ба уҳда дорад.

Ба гузориши манбаъ, раиси вилоят бо ёдоварӣ аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар гуфтааст, ки бояд давоми се соли дарпешистода дар ҳар як шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо аз корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода мешаванд.

Ёдоварӣ мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи охирин ба масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, китобхона, ҳаммомҳо бо сартарошхонаву ороишгоҳ, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ супориш дода буд.