ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар саросари кишвар ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар бархе аз манотиқи кишвар ҳарорати ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +15 +20 ва рӯзона +29 +34 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +3 +8 ва рӯзона +19 +24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Шамол аз самт ғарб то 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +16 +20 ва рӯзона +29 +34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона 8+13 ва рӯзона ба 25+30 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +27 +29 дараҷа ва шабона +9+11 дараҷа гарм мешавад.