ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон рӯзи чоршанбе аз Русия ба маблағи 1,6 миллион доллар як қатор техникаю таҷҳизоти наҷотдиҳӣ ба даст овард.
Таҷҳизоти мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи "Таҳкими иқтидор ба омодагӣ ва эътинод" дастрас гардид. Ин лоиҳа моҳи августи соли 2016 байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Ҳукумати Русия, дар доираи Фонди Трастовии Барномаи рушди СММ имзо гардид.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон соҳиби 6 трактору булдозер, 18 заврақи мотордор, 7 василаи ҳавоии бидуни сарнишин, минои баҳрии резинӣ, таҷҳизоти махсуси ғаввосӣ, генераторҳо, василаи алоқа ва помпҳо барои тоза намуданӣ обҳо аз лойю қум шудааст.
"Русия ба ҳамкории кумитаҳои фавқуллодаи Русияву Тоҷикистон аҳамияти зиёд медиҳад. Барои ин сабабҳои сиёсӣ низ мавҷуд аст — кишварҳои мо шарикони сиёсӣ ва дӯсти наздик мебошанд ва мо ҳамеша омода ҳастем ба кумаки дустамон биёем. Инчунин мо дар шароити ҷуғрофии якхела қарор дорем ва дар кишварҳои мо ҳамеша ҳолатҳои фавқулода мушоҳида мешавад",-таъкид кардааст дар маросими супурдани таҷҳизот сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия яке аз пурқуваттарин ва бонуфузтарин хадамоти наҷотдиҳӣ дар ҷаҳон дониста мешавад.
"Мутахассисони Русия барои боло бурдани сатҳи фаолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳамеша корҳои зиёдеро анҷом медиҳад", —гуфтааст сафири Русия.
Сафир ҳамчунин қайд намуд, ки Русия ҳамеша ба дархостҳои Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулода кумак мерасонад.
"Дар се соли ахир Аҷонсии захираҳои давлатии Русия бо дархости Тоҷикистон барои кумаки мардуми ҷабрдида дар ҳолатҳои фавқулода беш аз 100 тон кумакҳои башардӯстона ба маблағи 11 милион рубл расонидааст" — илова кард Игор Лякин-Фролов.