ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Ширкаткунандаи озмуни "Ту беҳтаринӣ!" Меҳрона Ғайбуллоева дар консерти идона дар Душанбе ҳунарнамоӣ кард.
Дар шаҳри Душанбе дар назди Театри опера ва балет саҳнае ороста шуда буду, меҳмонон дар ҳавои тоза аз консерти пешкашшуда ҳаловат бурданд.
Овозхони ҷавон Меҳрона Ғайбуллоева бо пироҳани зебои сафедранг ба саҳна баромад. Меҳрона дар Рӯзи ҷавонон сурудҳои Diamonds-и Rihanna ва "Драмы больше нет"-и Полина Гагаринаро, иҷро кард. Маҳз бо суруди Полина Гагарина Меҳрона ба даври чорякниҳоии озмуни "Те беҳтаринӣ!" роҳ ёфт.
Тамошобинони ҷавон Меҳронаро бо кафкӯбиҳо ва ҳамовозӣ дастгирӣ карданд.
Пас аз ҳунарнамоии Меҳрона мухлисонаш бо ӯ акс гирифтанд.
Меҳрона ҳунарнамоиро ҳанӯз аз синфи як дар консертҳои мактабӣ шуруъ кардааст. Чанд сол пеш ҳатто бо репсарои машҳури тоҷик Master Ismail овозхонӣ кард ва фаҳмид, ки аслан аз саҳнаи бузург наметарсад, баръакс худро хеле озод эҳсос мекунад.
Шуруъ аз он замон борҳо дар консертҳои шаҳрӣ ҳунарнамоӣ карда, соле пеш ҳатто дар озмуни сарояндагони ғайриҳирфаӣ — "Ориоке" барандаи ҷойи дувум шуд.
Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ба кӯдакони боистеъдоде, ки бе нигоҳубин ва бе волидайн мондаанд, имкон медиҳад, аз худ хабар диҳанд ва саҳнаҳои бузургро тасхир кунанд. Дар мавсими дувуми озмун кӯдакону наврасон аз Русия, Белорус, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осетияи Ҷанубӣ ва Олмон ширкат мекунанд.