Сафири тоҷик мардуми хориҷаро бо раводиди дастрас ба ҶТ ҷалб мекунад

Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ ба дипломатҳои ин кишвар гуфтааст, ки Тоҷикистон аз рӯи дастрасӣ ба раводиид дар ҷаҳон сеюм аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Сафири тоҷик мардуми хориҷаро бо раводиди дастрас ба Тоҷикистон ҷалб мекунад, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ.

Дар ин росто, дар сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Боку "Рунамоии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон" доир гардидаст.

Дар ин чорабинӣ вакилони Милли Меҷлис (Парлумон)-и Озарбойҷон, намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии муқими Озарбойҷон, доираи олимон ва намояндагони ҷамъиятӣ, инчунин ВАО-и кишвар ширкат кардаанд.

Гардишгарони арабро бо шикору кӯҳнавардӣ ба Тоҷикистон ҷалб мекунанд

Зимни суханронии хеш Рустам Солӣ оид ба "Эълон гардидани соли 2018 — Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ" ёдовар шуда, гуфтааст, ки чунин иқдом аз сиёсати созандаи Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат менамояд, ки он барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар, ба намо гузоштани иқтидори сайёҳӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Ҳамчунин дипломати тоҷик оид ба шароити мусоид барои сайёҳон ҷиҳати дастрас намудани раводидҳои навъи электроӣ "e-Visa" ишора намуда, гуфтааст, ки Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷои сеюмро оид ба дастрасӣ ба раводид ишғол мекунад.

Манбаъ афзуда, ки ҳамзамон дар ҳошияии ин чорабини намоиши филми мустанад оид ба таърихи ғании Тоҷикистон, фарҳанг, санъат, эҷодиёти бадеӣ, мусиқӣ, асбобҳои гуногуни мусиқии мардумӣ, рақсҳои халқӣ, таомҳои мардумии тоҷик, инчунин иқтидори сайёҳии тоҷик гузошта шудааст.