Тоҷикистон интизори ба дунё омадани шаҳрванди 9-миллионаи худ аст

Вазорати тандурустӣ ва Rумитаи омори Тоҷикистон мунтазири ба дунё омадани тифле мебошанд, ки аҳолии кишварро ба 9 млн. нафар мерасонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Тоҷикистон мунтазири ба дунё омадани тифли навзодест, ки аҳолии ин кишварро ба 9 милион нафар мерасонад, итиилоъ медиҳад Оҷонсии омори Тоҷикистон.

Тифл бояд рӯзҳои наздик ба дунё биёяд. Дар ҳоли ҳозир Вазорати тандурустӣ ва Оҷонсии омори Тоҷикистон ин масъаларо пайгирӣ доранд.

Агентии омор: шумори аҳолии Тоҷикистон ба 8,5 млн. нафар расид

Бино ба иттилои манбаъ, ба ҳолати 1 январи соли 2018 аҳолии Тоҷикистон 8 млн. 931 ҳазор нафарро ташкил медод, аммо дар се моҳи соли ҷорӣ аҳолии кишвар ба 8 млн. 973 ҳазор нафар расид.

Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 20 ҳазор тифли навзод ба дунё омадааст.

Соли гузашта зоиш дар Тоҷикистон 7 баробар зиёдтар аз марг будааст. Соли 2017 дар Тоҷикистон 227,3 ҳазор тифли навзод ба дунё омадааст, вале миқдори марг дар ин давра ба 32,8 ҳазор расидааст.

Дар ҳамин ҳол, дар соли 2017 нисбат ба соли қаблӣ теъдоди тифлони навзод 1,3% кам шудааст. Камзоишӣ дар вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобъеи марказ мушоҳида шудааст.