Намояндаи баландпояи Чин аз муассисаҳои сохти кишвараш дар Душанбе боздид кард

Муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Чин Алекен Еминбахе аз маркази барқу гармдиҳии "Душанбе-2" боздид кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Имрӯз муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва  муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Чин Алекен Еминбахе аз муассисаҳои сохти Чин дар Душанбе боздид карданд.

Намояндаи баландпояи Чин зимни сафари худ ба Тоҷикистон аз мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Варзоб ва осорхонаи миллӣ ва "Кохи Наврӯз" боздид кардааст.

Як мансабдори баландпояи Чин дар Варзоб гардиш хоҳад кард

Қарор аст, меҳмонон фардо аз   майдони  "Дӯстӣ",  Боғи устод Рӯдакӣ,  Маҷмааи Нишон ва Парчами миллии Тоҷикистон дидан намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки 23 майи соли ҷорӣ, раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоӣии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахе бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Вай зимни сафари худ бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот кард.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.

Зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки бо талошҳои муштарак ҳаҷми тиҷорати молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2020 то беш аз 3 млрд. доллар хоҳад расид. 

"Соли 1992 ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ байни кишварҳои мо ҳамагӣ 2,7 миллион доларро ташкил медод, аммо ҳоло он 300 маротиба афзоиш ёфтааст. Мо боварӣ дорем, ки бо талошҳои муштарак ҳаҷми тиҷорати молу маҳсулот миёни ҷумҳуриҳои мо дар соли 2020 то беш аз 3 миллиард доллар хоҳад расид"- таъкид кардааст Зуҳуров.

Сафаров: овозаҳо дар бораи тавсеаталабии Чин дар Тоҷикистон дурӯғанд

Дар ҳоли ҳозир тиҷорати молу маҳсулот миёни ду кишвар 600 миллион долларро ташкил медиҳад.

Чин бузургтарин сармоягузори Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин кишвар тарҳҳои гуногуни стратегии Тоҷикистонро сармоягузорӣ мекунад.

Барои мисол Чин дар Тоҷикистон дар лоиҳаҳои сохтмони роҳи автомобилгарди "Душанбе-Чаноқ", Душанбе-Данғара, хатти баландшиддати нирӯи барқи "Шимол-Ҷануб", хатти 220 киловолтаи барқи "Лолазор-Хатлон", хатти 220 киловолтаи барқи "Хуҷанд-Айнӣ",  Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2", нақби "Шар-шар" дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, нақби роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа беш аз як миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.