Ба занони Леваканд ройгон кумаки ҳуқуқӣ ва равонӣ мекунанд

Дар шаҳри Левакнди Хатлон ҳуҷраи машваратӣ таъсис ёфтааст, ки дар он ба занон кӯмаки равонӣ ва ҳуқуқиро ройгон пешниҳод мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон маросими кушодашавии ҳуҷраи машваратӣ дар бинои Қасри фарҳанг баргузор гардидааст.

Дар ҳамин ҳол дар ҳуҷраи машваратии шаҳри Леваканд панҷ нафар коргар дар як ҳафта чор маротиба  маслиҳатҳои равонӣ ва ҳуқуқиро ройгон ба занон пешниҳод мекунанд.

Инчунин ба гуфтаи манбаъ маслиҳатҳои равонӣ ва ҳуқуқиро ба занон мутахассисон дар ҳамкорӣ бо номояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон медиҳанд. 

Манбаъ такид кардааст, ки ҳуҷраи мазкур, дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи "Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ" PDV таъсис ёфтааст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Хоруғ дар доираи ислоҳоти милитсия ҳуҷраи кории нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар хонавода кушода шудаст.

Ҳадафи аслии ифтитоҳи чунин ҳуҷраҳо муқовимат ба хушунат ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ барои рафъи зӯроварӣ дар хонаводаҳо мебошад.