Як мансабдори баландпояи Чин дар Варзоб гардиш хоҳад кард

Муовини раиси Кумитаи доимоамалкунандаи Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин Алехен Еминбахэ рӯзи 23 май бо сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин сафар дидору гуфтушуниди Алехен Еминбахэ бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар назар аст, хабар медиҳад равобити умумии палатаи поёнии парлумони ҶТ.

Қайд мешавад, ки Алехен Еминбахэ рӯзи 23 май бо сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Гуфта мешавад, муовини раиси кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин Алехен Еминбхахе ва ҳамроҳони ӯ ҳамчунин аз осорхонаи миллӣ, "Кохи Наврӯз", Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, майдони "Дӯстӣ", боғи устод Рӯдакӣ, маҷмааи нишон ва Парчами миллии Тоҷикистон боздид мекунанд.

Ҳамчунин ин мансабдори баландпоя дар ҷойҳои зебоманзараи ноҳияи Варзоб гардиш хоҳад кард.