Дар вилояти Хатлон муҳоҷирони ғайриқонуниро "шикор" мекунанд

Ҳадафи аслии баргузории амалиёти "Нелегал-2018" дар вилояти Хатлон мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла хариду фурӯши одамон гуфта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, ба марҳилаи якуми амалиёти "Нелегал-2018" оғоз карданд, хабар медиҳад ВКД.

Ба гузориши манбаъ, ҳадафи аслии баргузории амалиёти "Нелегал-2018" дар вилояти Хатлон мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла хариду фурӯши одамон мебошад.

Милисаи тоҷик мардумро пеш аз сафар ба Узбакистон "одоб" меомӯзад

Ин чорабинӣ дар асоси фармоиши якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон баргузор мешавад.

Бо мақсади самарабахш гузаронидани тадбирҳо, назорати саривақтӣ ва идораи қувваю воситаҳои ҷалбкардашуда, аз ҳисоби мақомоти мазкур дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои поёнии он ситодҳои фаврӣ таъсис дода шудаанд.

Амалиёти "Нелегал-2018" дар вилояти Хатлон аз 15 май оғоз шуда то 23 май идома мекунад.

Мақомоти дахлдор дар ин муддат бояд асноди тамоми шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар ҳудуди вилоят фаъолият мекунанд, тафтиш намоянд.