Волидони суғдӣ ба мақомот: фарзандонамонро аз ҷанги мамолики бегона бозгардонед

Кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд бо волидони ҷавононе, ки ба кишварҳои ҷангзада сафар кардаанд, дидору мулқоот кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Ин мулоқот рӯзи 18 май дар толори "Кохи Рӯдакӣ"-и шаҳри Хуҷанд баргузор шудааст, хабар медиҳад равобити умумии ВКД.

Гуфта мешавад, ки дар он сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Шодӣ Ҳофиззода бо ходимон ва уламои дини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, муовинони раиси шаҳру ноҳияҳо, фаъолон, сокинон ва шаҳрвандоне, ки фарзандонашон дар муҳорибаҳои ҷангии дигар давлатҳо иштирок доранд ё барои содир намудани ҷиноят дар кофтуков қарор доранд, мулоқот кардааст.

Миёни шаш мурда: Марям дар бораи зиндагии фоҷиабораш дар Ироқ нақл кард

Мавзӯи меҳварии мулоқот пешгарӣ аз таъсиррасонии омилҳои беруна ба ақидаву эътиқоди динӣ ва гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу равияҳои динии хусусияти террористиву экстремистӣ дошта ва баргардонидани гумроҳшудагон аз давлатҳои ҷангзада арзёбӣ гардидааст.

Ҳамчунин дар чорабинӣ се нафар, ки фиреби террористонро хурдаанд-Ҷӯраев Далер Раҳматович, Ҷӯрабеков Маҳмаднаим Маҳмадраҳимович, сокинони шаҳри Душанбе ва Ҳасанова Раъно Қаҳрамоновна, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки бо мусоидати мақомоти корҳои дохилӣ ба Ватан баргаштанд. ба аҳли нишаст аз сарнавишти худ қисса кардаанд.

Раиси шурои уламои дини вилоят Ҳоҷиҳусайн Мусозода бар хилофи арзишҳои фарҳангии миллӣ реша давонидани ақидаҳои ифротиву хурофотиро хатар унвон карда, баргузории мулоқотро бамаврид хондааст. Ӯ аз иштирокдорон даъват кардааст, ки дар тарбияи фарзандон ҳушёр бошанд.

"Аксари падару модароне, ки фарзандонашон дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо бедарак шудаанд, умедворона муроҷиат намудаанд, ки мақомот барои пайдо ва ба ҳаёти осишта баргардонидани фарзандони онҳо мусоидат намояд", — омадааст дар хабарнома.

Пештар ҳукумати Тоҷикистон Марям Шоева ва се кӯдаки дигари тоҷикро, ки дар паноҳгоҳҳои Ироқ дар монда буданд ба Тоҷикистон бозгардонд.

Ҳамчунин чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Ироқ бо вазири умури хориҷаи ин кишвар масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистонро аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёнаро баррасӣ карда буд.