Арзиши тифли навзод дар Тоҷикистон 2 ҳазор сомонӣ будааст

Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зани 54- солаеро дастгир намуданд, ки тифли навзодро ба як зани дигар ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik.  Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳангоми амалиёти кормандони милисаи Тоҷикистон зани 54-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки ба фурӯши кӯдаки ноболиғ гумонбар дониста мешавад, дастгир шудааст.

"Номбурда, моҳи марти соли 2018, бо маслиҳати пешакӣ бо зани 63-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кӯлоби ҳамин шаҳр, рӯзи 9-уми апрели соли 2018, кӯдаки навзодро аз зани 30-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки дар таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб таввалуд кардааст, гирифта, ба зани 41-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, ба маблағи 2000-сомонӣ фурухта аст".

Инчунин манбаъ таъкид кардааст, ки шаҳрванди дастгиршуда маблағи ба даст овардаашонро ба манфиати шахсии худ сарф намудаанд.

Дар ҳоли ҳозир қазияи мазкур мавриди тафтиши кормандони умури дохилаи Тоҷикистон  қарор дорад.